Август 19, 2018 14:36 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳимояти Русия ва Олмон аз БарҶОМ

Ба рағми хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаии БарҶОМ дар майи соли 2018 дигар аъзои “Гурӯҳи 5+1”, ки акнун дар қолаби “Гурӯҳи 4+1” амал мекунанд, бар ҳифзи ин тавофуқи калидӣ, ки аз дидгоҳи онҳо, барои ҳифзи субот ва амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ аҳамияти бисёр дорад, таъкид мекунанд.

Дар ҷадидтарин мавзеъгирӣ дар ин замина Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар нишасти хабарии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бар лузуми ҳифзи БарҶОМ таъкид кард. Меркел низ дар ин нишасти хабарӣ аз БарҶОМ ҳимоят кард. Ин охирин мавзеъгирии ду увзи муҳими “Гурӯҳи 4+1”, яъне Олмон ба унвони муҳимтарин кишвари Аврупо ва Русия ба манзилаи рақиби ҷиддии Амрико дар сатҳи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи БарҶОМ ба шумор меравад. Аз нигоҳи аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла Русия ва Олмон, БарҶОМ нақши муҳиме дар заминаи назорат бар барномаи ҳастаии сулҳомези Эрон дошта, дар айни ҳол монеае дар роҳи густариши мусобиқаи ҳастаӣ байни кишварҳои минтақа шуда ва таъсири мусбате бар амнияти байналмилалӣ доштааст. Зимни ин ки БарҶОМ эҳтимоли шурӯи ҳамлаи низомӣ барои муқобила бо барномаи ҳастаии Эронро аз миён мебарад, ҳамчунин ба масобаи намунаи муваффақе барои ҳаллу фасли масоили байналмилалӣ ба сурати чандҷониба маҳсуб мешавад.

Мусалламан барҳам хӯрдани БарҶОМ ва лағви ин тавофуқ таъсири манфии зиёде барои сулҳу амнияти байналмилалӣ дорад ва ҳамин амр боис шуда, то Русия ва Олмон дар моҳҳои ахир хоҳони ҳифзи БарҶОМ бо таваҷҷуҳ ба короии он шаванд. Ин масъала нишон медиҳад, ки ба рағми пофишории Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бар лағви БарҶОМ рӯйкарди қудратҳои байналмилалӣ комилан бар хилофи дидгоҳи вай аст. Ричард Соколский, коршиноси сиёсӣ муътақид аст, ки раисҷумҳури Амрико дар рӯйкарди эъломи худ мабнӣ бар хурӯҷ аз БарҶОМ ва муқобила бо Эрон дар минтақа аҳдофи воқеъбинона ва стратегияи мушаххасе надорад. Ба ҳамин далел ба рағми иқдомоти густурдаи Вашингтон барои ташдиди фишор ба Эрон ба манзури хурӯҷи он аз БарҶОМ Аврупо барои ҳифзи БарҶОМ аз тариқи иттихози тадобири мухталифе ба манзури коҳиши таъсири эъмоли муҷаддади таҳримҳои ҳастаии Амрико пофишорӣ мекунад. Ин таҳримҳо дар ду марҳала буда ва нахустин марҳалаи он аз 7-уми август ба иҷро даромада ва даври баъдӣ низ дар ноябри соли 2018 ба иҷро дар хоҳад омад. Аз ҷумлаи тадобири Иттиҳоди Аврупо дар ин замина иҷрои нусхаи барузшудаи “қонуни масдудкунанда” аст, ки дар ростои коҳиши таъсири таҳримҳо бар манофеи ширкатҳои аврупоие, ки фаъолияти тиҷории қонунӣ дар Эрон анҷом медиҳанд, сурат мегирад. Ин иқдом бахше аз иқдомоти ҳимоятии Иттиҳоди Аврупо аз идомаи иҷрои комил ва муассири БарҶОМ, аз ҷумла аз тариқи ҳифзи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни Аврупо ва Эрон аст.

Амрикоиҳо вонамуд мекунанд, ки аҳамияте барои иқдомоти ҳимоятии Иттиҳоди Аврупо дар қиболи рафторҳои хасмонаи Вашингтон алайҳи Эрон қоил нестанд. Аммо Русия низ ҳамонанди Аврупо бар ҳифзи БарҶОМ таъкид дорад. Дар ин росто Вазорати умури хориҷии Русия дар 18-уми август бо интишори баёнияе зимни таъкид бар иттихози тадобири лозим ба манзури ҳифзу иҷрои комили БарҶОМ ба тавзеҳи нақши ин кишвар дар пешбурди ин тавофуқ пардохт. Маскав борҳо эълом карда, ки мавзеаш дар қиболи БарҶОМ тағйире накарда ва хоҳони иҷрои ин тавофуқ муҳим аст. Аз дидгоҳи Маскав, Амрико барои рафъи ихтилофоти худ бо Эрон бояд роҳҳои дигареро ҷустуҷӯ канду ба хатар афтодани БарҶОМ бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои он иқдоми мантиқӣ ва оқилона нест. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар ин замина гуфт: “Мо муътақидем, БарҶОМ абзорест, ки ба таври куллӣ ва бахусус дар Ховари Миёна манъи густариши ҳастаиро осон кардааст. Набояд ин абзор аз байн биравад”.

Ба рағми мавзеи воҳиди Русия ва Олмон дар ин замина Трамп ҳамчунон бо беэътиноӣ ба иҷмои қудратҳои бузурги ҷаҳон бар ҳифзи БарҶОМ бар нобудии ин тавофуқи муҳими байналмилалӣ пофишорӣ мекунад; масъалае, ки боиси инзивои беш аз пеши Амрико дар сатҳи ҷаҳонӣ шудааст.

 

Барчасп