Умедвории Солеҳӣ ба барқарории сулҳ ва субот дар Афғонистон
Август 19, 2018 17:11 Asia/Dushanbe
Раиси Созмони энержии атомии Эрон аз омодагии Теҳрон барои кумак ба барқарории сулҳ ва субот дар Афғонистон хабар дод.
Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон дар маросими наваду нуҳумин солрӯзи истиқлоли Афғонистон дар маҳалли сафорати ин кишвар дар Теҳрон, бо баёни инки мардуми Афғонистон бо мушкилоти бисёре дар дохил ва хориҷ рӯ ба рӯ ҳастанд, ибрози умедворӣ кард, сулҳ ва субот ба зудӣ дар ин кишвар барқарор шавад.
Солеҳӣ бо баёни инки мардуми Афғонистон шоистаи сулҳ ҳастанд, афзуд: Замоне, ки чиҳил сол пеш муҳоҷирони Афғонистон вориди Эрон шуданд, ҷумҳурии исломӣ тамоми талоши худро бо таваҷҷуҳ ба зарфияти мавҷуд анҷом дод, то ба бародарон ва хоҳарони афғони худ кумак кунад.