Август 21, 2018 13:38 Asia/Dushanbe
  • Радди пешниҳоди оташбаси раисҷумҳури Афғонистон аз сӯйи Толибон

Гурӯҳи Толибон пешниҳоди оташбаси раисҷумҳури Афғонистон ба муносибати иди саиди Қурбонро рад кард.

Дар ҳоле ки мардуми Афғонистон хоҳони оташбас дар яке аз муҳимтарин идҳои исломӣ ҳастанд, ин гурӯҳ эълом кард, оташбаси семоҳаи Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистонро дар иди саиди Қурбон риоят нахоҳад кард.

Ғанӣ ахиран дар маросими таҷлил аз навадунуҳумин солрӯзи истиқлоли Афғонистон аз Англия, аз рӯзи душанбе то мелоди набии акрам (с) ба муддати се моҳ оташбас эълом кард. Бар шарти ин ки Толибон низ онро дар ин айём риоят кунад.

Пештар давлати Афғонистон ба муносибати иди саиди Фитр ҳам бо гурӯҳи Толибон оташбас барқарор карда буд.

Толибон дар ҳоле бар идомаи ҷанг таъкид дорад, ки бар асоси натоиҷи як назарсанҷӣ 90 дарсади мардуми Афғонистон хостори оташбас ва поёни ҷанг ҳастанд.

Илова бар ин, таҷрибаи ду даҳаи хунрезӣ ва хушунат дар Афғонистон низ нишон медиҳад, ки ҷанг на танҳо натиҷае надошта, балки монеъ аз иҷрои барномаҳои давлати ин кишвар барои ҳалли мушкилоти мардуми Афғонистон шудааст.

Амалкарди Толибон нишон медиҳад, ки сиёсати мутаноқизеро дар мавриди таҳаввулоти Афғонистон дар пеш гирифтааст. Аз як сӯ бо ишғолгар хитоб кардани Амрико, ба таври пинҳонӣ бо он гуфтугӯ мекунад ва аз сӯйи дигар бо идомаи ҷанг бо давлати Афғонистон заминаи идомаи ишғоли ин кишвар аз сӯйи Амрико ва НАТО – ро фароҳам мекунад.

Ин вазъият ҳамчунин боис шудааст, на танҳо мардуми Афғонистон рӯйи оромишро набинанд, балки Амрико ва НАТО бо баҳона қарор додани идомаи хушунатҳои хунин дар Афғонистон, ҳамчунон дар ҳоли куштори мардум ва ғорати манобеи табиии ин кишвар аст.

Мавлавӣ Субҳоналлоҳ Сиддиқ, аз уламои Афғонистон мегӯяд, гузинаи низомӣ ва эъмоли фишор роҳи ҳалли буҳрони Афғонистон нест. Мардум аз ҷанг хаста шудаанд ва Толибон бояд инро дар назар бигирад.

Дар ин ҳол, идомаи ҷанги Толибон дар Афғонистон боис шудааст Амрико дар идомаи нақзи истиқлол ва ҳокимияти миллии он кишвар, мавзӯи хусусисозии ҷанг дар Афғонистонро матраҳ намояд.

Ин ба он маъно аст, ки Амрико дар садад аст бо афзоиши нерӯҳои муздури мутаалиқ ба ширкатҳои амниятии хусусӣ на танҳо ҳузури низомии худро дар Афғонистон доимӣ кунад, балки таҷрибаи ҷадиде аз назарияи низомии худро дар ин кишвар иҷро намояд, ки паёмади он бидуни шак шиддат ёфтани ҷинояти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон хоҳад буд, ки борҳо мавриди эътирози Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳурии қаблии Афғонистон қарор гирифтааст.

Карзай муътақид аст, вогузории масъулияти умури ҷангӣ дар Афғонистон ба ширкатҳои хусусии амниятӣ дар таноқузи ошкор бо ҳокимияти миллӣ ва нақзи қонуни асосии ин кишвар аст. Ин ба маънои идомаи куштори афроди бегуноҳ ва ривоҷи бештари худсарӣ ва қонуншиканӣ дар Афғонистон хоҳад буд.

Дар ҳар ҳол, аз дидгоҳи бархе аз маҳофил дар Афғонистон, мутақоид кардани Толибон барои пазириши оташбас аз суйи Покистон, ки гуфта мешавад бар ин гурӯҳ ҳамчунон нуфуз дорад, ҳамзамон бо оғоз ба кори давлати ҷадиди Покистон метавонад иди муносибе ба мардуми Афғонистон дар остонаи иди саиди Қурбон бошад.

 

Барчасп