Узви баландпояи Ҳамос : Бинёмин Натанёҳу, танҳо масъӯли шикасти музокирот аст
-
Маҳмуд Мардовӣ аз мақомоти баландпояи ҷунбиши Ҳамос
Порстудей - Маҳмуд Мардовӣ аз мақомоти баландпояи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар изҳороте таъкид кард, ки музокирот танҳо роҳ расидан ба тавофуқ аст, аммо Бинёмин Натанёҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳамчунон бо анҷоми иқдомоте, ки масири музокироти ҷиддиро борҳову борҳо ноком мегузорад , ба фиребу фирор аз таъаҳҳудоти ҷиддӣ дар музокирот идома медиҳад .
Маҳмуд Мардовӣ аз мақомоти аршади ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) гуфт : Ба назар мерасад Натанёҳу ба далели мухолифати ҷиноҳи ростгаро дар кабинааш қодир ба пешбурди ҳеҷ тавофуқе,ки барои ду тараф қобили қабул бошад , нест; бинобарин сиёсати фиреб ва паноҳ гирифтан пушти дурӯғро идома медиҳад . Ҷунбиши Ҳамос пештар дар баёнияе эълом кард, ки нахуствазири режими саҳюнистӣ ноком гузоштани даврҳои мухталифи музокиротро ба саргармии худ табдил кардааст. Даври ҷадиди музокироти оташбаси Ғазза рӯзи якшанбе 6 август аз сар гирифта шудааст.