Август 23, 2018 13:08 Asia/Dushanbe
  • Давлати Афғонистон дар Нишасти сулҳи Маскав ширкат намекунад

Вазорати хориҷаи Афғонистон эълом кард: Давлати Кобул дар Нишасти сулҳи Маскав ширкат нахоҳад кард, зеро ҳар иқдоме дар раванди сулҳ бояд ба раҳбарии давлати Афғонистон анҷом гирад.

Субғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, аз назари давлати Афғонистон, ройзании кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бо гурӯҳи Толибон дар бораи раванди сулҳ бояд дар ҳамоҳангӣ бо Кобул анҷом гирад.

Мақомоти афғон борҳо таъкид кардаанд, ҳеҷ кишваре наметавонад ба намояндагӣ аз Афғонистон бо Толибон вориди музокира шавад.