Август 23, 2018 16:32 Asia/Dushanbe
  • Намози Иди Қурбони мусулмонони Рӯҳингиё дар урдугоҳҳои Бангладеш

Садҳо ҳазор мусулмони рӯҳингиёӣ намози Иди Қурбонро дар дар урдугоҳҳои паноҳҷӯён дар Бангладеш барпо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, беш аз ниммиллион мусулмони рӯҳингиёӣ рӯзи чаҳоршанбе маросими иди Қурбонро дар масҷидҳои муваққат сохта шуда, дар ҷануби Бангладеш баргузор карданд.

Дар шаҳри “Cox's Bazar”-и Бангладеш ин маросим бо ҳузури ҳазорон овораи миёнморӣ дар урдугоҳи “Kutupalong” ва дар наздикии марзи Миёнмор баргузор шуд.

Оворагони мусулмони миёнморӣ, ки ба Бангладеш гурехтаанд, маросими иди Қурбони имсолро дар шароити бисёр сахт ва пас аз ҷиноятҳои густурдаи нерӯҳои артиш ва буддоиёни ифротии Миёнмор, баргузор карданд.

Аз сӯи дигар, рӯзи панҷшанбе Беатрис Ачао, мудири кумакҳои башардӯстонаи Муассисаи хайрияи байналмилалии мавсум ба Наҷоти кӯдакон эълом кард, ниме аз кӯдакон рӯҳингиёӣ, ки бидуни волидайнашон вориди Бангладеш шудаанд, дар хушунатҳо ятим шудаанд.

Вай гуфт, беш аз шаш ҳазор кӯдак, ки номашон дар феҳристи имдодрасонони кампҳои Бангладеш ба сабт расидааст, ҳаргиз натавонистаанд волидайни худашонро пас аз фирор аз саркӯби маргбори нерӯҳои миёнморӣ, пайдо кунанд.

Бо вуҷуди гузориши мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, ки аз наслкушии мусулмонони миёнморӣ ба дасти нерӯҳои артиш ва буддоиёни ифротӣ хабар медиҳад, давлати ин кишвар ҳамчунон ба ҷиноятҳои худ, зидди мусулмонони Рӯҳингиё идома медиҳад.

 

Барчасп