Август 25, 2018 11:23 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши шадиди захоири молии ДИИШ

Гузориши ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид баёнгари он аст, ки захоири молии гурӯҳи террористии ДИИШ ба шиддат коҳиш ёфта, аммо тамом нашудааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Русия Алявм”, дар гузориши ҷадиди Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милал дар бораи “Хатари ДИИШ” омадааст: ин гурӯҳи террористӣ дар ибтидои соли 2018 истихроҷи сӯхтро аз даст дод.

Ин гузориш меафзояд, бо вуҷуди ин нафт ҳамчунон манбаи молии ДИИШ аст ва манобеи дигари даромади ин гурӯҳи террористӣ - боҷгирӣ аз шабакаҳои тақсими сӯхт, гирифтани молиёт аз фурӯшгоҳҳо дар манотиқи таҳти ишғол ва рабудани тоҷирони маҳаллӣ барои гирифтани боҷ аст.

Гурӯҳи террористии ДИИШ, ки бахши умдаи фаъолиятҳои молии худро дар шабакаҳои молии Амрико анҷом медиҳад, то як соли пеш бахшҳои бузурге аз хоки Ироқ ва Сурияро дар ишғол дошт.

Аммо артиш ва нерӯҳои мардумии ду кишвари ёдшуда ба кумаки ҳампаймононе монанди Эрон ва Русия муваффақ шуданд ба ишғолгарии ин гурӯҳи террористӣ дар кишварашон поён диҳанд.