Афзоиши ҷонибдорони маҳдудсозии вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37668-Афзоиши_ҷонибдорони_маҳдудсозии_вуруди_коргарони_муҳоҷири_хориҷӣ_ба_Русия
Бинобар эъломи маркази афкорсанҷии “Левада”, дар Русия дар як соли ахир теъдоди ҷонибдорони маҳдудияти вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ин кишвар афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 28, 2018 09:25 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҷонибдорони маҳдудсозии вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба Русия

Бинобар эъломи маркази афкорсанҷии “Левада”, дар Русия дар як соли ахир теъдоди ҷонибдорони маҳдудияти вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши рӯзномаи “Ведомости”, 67 дарсад аз афроде, ки дар ин афкорсанҷӣ ширкат кардаанд, хостори эъмоли маҳдудият барои вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба кишварашон аз сӯйи Ҳукумати Русия шудаанд. Ба гуфтаи Карина Пилия, коршиноси маркази афкорсанҷии “Левада”, ин шохис дар соли 2017 наздик ба 57 дарсад буд, аммо имсол ба 67 дарсад расидааст.  Ӯ таъкид кардааст, ки шаҳрвандони Русия хостори иҷрои маҳдудият барои вуруди чиниҳо, ветнамиҳо ва лӯлиҳо ба кишваршон шудаанд. Ӯ муътақид аст, ки иллати аслии афзоиши теъдоди афроди ҷонибдори эъмоли маҳдудият барои вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба Русия на рӯҳия муҳоҷирситезӣ, балки коҳиши шохисҳои зиндагӣ, афзоиши таваррум, уфти қурби рубли русӣ ва мавзӯи ислоҳи қонуни бознишастагӣ аст, ки норизоятии шаҳрвандони Русияро дар пай доштааст.

Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия эълом кардааст, имсол шаҳрвандони Тоҷикистон дувумин ҷамъияти пуртеъдоди коргарони муҳоҷир дар Русияро ташкил медиҳанд. Бар асоси ин гузориш, имсол ҳашт миллиону 216 ҳазору 812 нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир сабт ном шудаанд, ки як миллиону 131 ҳазору 392 нафар аз онон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Аз нигоҳи теъдоди коргарони муҳоҷири сабтиномшуда дар Русия имсол кишвари Узбакистон бо ду миллиону 247 ҳазору 519 нафар дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифтааст.