Лавров: Таҳримҳои Амрико ғайрисозанда аст
Сентябр 01, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Русия таҳримҳои Вашингтон алайҳи Маскавро ғайрисозанда ва беасос тавсиф кард.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия таҳримҳои Амрико алайҳи Маскавро ғайрисозанда донист, аммо эълом кард, Маскав барои музокира бо Вашингтон бар пояи эҳтироми мутақобил омода аст.
Лавров тасреҳ кард, Русия ҳамвора муътақид аст, ки рӯйкарди таҳримии Амрико, равобити ду кишварро ба бунбаст мекашонад.
Барчасп