Монеътарошии Созмони милал барои ирсоли кумак ба Сурия
(last modified Mon, 03 Sep 2018 11:59:23 GMT )
Сентябр 03, 2018 16:59 Asia/Dushanbe
  • Монеътарошии Созмони милал барои ирсоли кумак ба Сурия

Интишори як гузориши ҷадид фош мекунад, Созмони милал дар ирсоли кумак барои бозсозии Сурия монеътарошӣ мекунад.

Бар асоси як санади дохилии Созмони милал ин ниҳоди байналмилалӣ то замоне, ки тавофуқ барои интиқоли қудрат дар Сурия сурат нагирад, кумакҳои башардӯстонаи худро дар ихтиёри ин кишвар қарор намедиҳад.

Пештар Созмони милал чунин санадеро такзиб карда буд.

Рӯзномаи Коммерсанти Русия низ санади маҳрамонаи Созмони милал дар бораи кумаки Сурияро мунташир кард.

Дар санад омадааст, Созмони милал фақат замоне омодаи кумак ба Сурия хоҳад буд, ки тавофуқи музокирашуда аз сӯи тамомии тарафайни даргир ҳосил шавад.

Санади дохилии Созмони милал октябри 2017 бидуни тасвиб дар Шӯрои амният, аз сӯи ҳайъати дабирони он мунташир шуд.