Сентябр 08, 2018 19:42 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти 75 узви Ихвонулмуслимини Миср ба эъдом

Додгоҳи кайфарии Қоҳира, 75 нафар аз аъзои Ихвонулмуслимини Мисрро ба ҷурми даст доштан дар ҳаводиси мавсум ба Робиа Алъадавия ба эъдом ва 46 тани дигарро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Додгоҳи кайфарии Қоҳира пас аз эъломи назари муфтии Миср, ин 75 узви гурӯҳи Ихвонулмуслиминро ба эъдом маҳкум кард, ки 29 тан ба сурати ғиёбӣ муҳокима шуданд.

Додгоҳ ҳамчунин Муҳаммад Бадеъ, раҳбари гурӯҳи Ихвонулмуслимин ва 46 нафари дигар аз аъзои ин гурӯҳро ба ҷурми даст доштан дар тазоҳуроти ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканоршудаи Миср дар эътироз ба иқдоми артиш дар азли вай, дар ду майдони Робиа Алъадавия ва Алнаҳза Қоҳира, ба ҳабси абад маҳкум кард.

 

Барчасп