Ҳамлаи террористӣ ба корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд дар Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i37965-Ҳамлаи_террористӣ_ба_корвони_ҳаводорони_Аҳмадшоҳи_Масъуд_дар_Кобул
Полиси Кобул аз ҳамлаи террористӣ ба корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд дар пойтахти Афғонистон хабар дод.  
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 09, 2018 20:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи террористӣ ба корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд дар Кобул

Полиси Кобул аз ҳамлаи террористӣ ба корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд дар пойтахти Афғонистон хабар дод.  

Ҳишмат Станекзай, сухангуи полиси Кобул эълом кард, дар инфиҷори якшанбе як дастгоҳ мошини бомбгузоришуда дар масири корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд дар Кобул ду нафар захмӣ шуданд.

Ҳамла ба корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамзамон бо баргузории маросими таҷлил аз ин қаҳрамони миллии Афғонистон дар минтақаи шаҳраки Салими Кобул анҷом гирифт.