Сентябр 10, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори қурбониёни таркиши террористӣ дар Кобул

Шумори кушта ва захмиҳои таркиши террористии рӯзи якшанбе дар Кобул пойтахти Афғонистон ба 32 нафар расид.

Ба нақл аз ИРНО, Ҳишмат Станекзай сухангӯи полиси Кобул эълом кард: дар таркиши террористии рузи якшанбе дар ҷамъи корвони таҷлил аз 17-умин солгарди кушта шудани Аҳмадшоҳ Масъуд қаҳрамони миллии Афғонистон дар минтақаи Салими Кобул ҳафт  шаҳрванди афғон кушта ва 25 нафари дигар захмӣ шуданд.

Станекзай пештар шумори кушташудагони ин ҳамлаи террористиро, ки бо таркиши як маторсикли бомбгузорӣ шуда рух дод се нафар ва шумори захмишудагонро 14 нафар эълом карда буд.

Ҳануз фард ё гуруҳе масъулияти таркиши террористӣ дар масири корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳ  Масъудро бар уҳда нагирифтааст.

Афғонистон рӯзи якшанбе ба муносибати солрӯзи кушта шудани Аҳмадшоҳ Масъуд таътили расмӣ буд.

Аҳмадшоҳ Масъуд 9 сентябри 2001 дар таркиши интиҳории ду арабтабор, ки дар пушиши хабарнигор ба дидори ӯ дар вилояти Тахор рафта буданд, кушта шуд.

Пас аз чанде гуруҳи Алқоъида иҷрокунандаи ин террор муъаррифӣ шуд.