ДИИШ масъулияти ҳамлаи террористии Кобулро бар ӯҳда гирифт
Гурӯҳи террористии ДИИШ якшанбешаб масъулияти инфиҷори террористӣ дари шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бар ӯҳда гирифт.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, як омили интиҳорӣ асри якшанбе худро дар миёни корвони ҳаводорони Аҳмадшоҳ Масъуд мунфаҷир кард. Дар ин ҳамлаи интиҳорӣ, 7 нафар кушта ва 25 нафар захмӣ шуданд.
Дирӯз якшанбе, 17-умин солрӯзи террори Аҳмадшоҳи Масъуд аз муҷоҳидон ва раҳбарони муқовимат дар Афғонистон буд.
Мардуми Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъудро, ки аз мухолифони гурӯҳи Толибон буд, як қаҳрамони миллӣ медонанд.
Аҳмадшоҳи Масъуд дар сентябри соли 2001 дар як ҳамлаи интиҳорӣ кушта шуд. Гурӯҳи террористии Алқоида масъулияти террори вайро бар ӯҳда гирифт.
Манотиқи мухталифи Афғонистон дар моҳҳои ахир шоҳиди афзоиши ҳамалот ва инфиҷорҳои террористӣ будааст.
Афзоиши ноамниҳо дар Афғонистон, мӯҷиби эътирози мардуми ин кишвар шудааст.
Гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳамчунин гурӯҳи Толибон токунун масъулияти аксари ҳамалот ва инфиҷорҳои террористиро дар манотиқи мухталифи Афғонистон бар ӯҳда гирифтаанд.
Афзоиши ноамнӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки Амрико ва муттаҳидонаш аз соли 2001 ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва таъмини амният дар Афғонистон, дар ин кишвар ҳузур доранд.
Ҳузури низомии амрикоиҳо дар Афғонистон танҳо мӯҷиби афзоиши ноамнӣ, терроризм ва тавлиди маводи мухаддир дар ин кишвар шудааст.