Сентябр 10, 2018 19:35 Asia/Dushanbe
  • Зарурати музокираи Эрдуғон ва Асад барои ҳалли масъалаи Сурия

Раиси ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия (CHP) раисҷумҳури ин кишварро ба гуфтугӯ бо ҳамтои сурии худ барои ҳалли буҳрон дар Сурия фаро хонд.

Камол Қаличдор Уғлу дар мусоҳиба бо рӯзномаи Ҳурриети Туркия таъкид кард, замони он фаро расида аст, ки Анкара душманӣ бо Димишқро канор бигузорад ва барои ҳалли масъалаи Идлиб бо давлати Сурия ҳамкорӣ кунад.

Устони Идлиб, ки давлати Димишқ қасд дорад, онро аз вуҷуди террористҳо поксозӣ кунад, дар шимоли ғарби Сурия ва дар ҳамсоягӣ бо Туркия қарор дорад.