Пешниҳоди таслиҳотии 115 миллиард долларии Амрико ба Арабистон
Бар асоси гузоришҳои ифшошуда, давлати Амрико пешниҳоди фурӯши 115 миллиард доллар силоҳ ба Арабистони Саудиро матраҳ кардааст.
Хабаргузории "Рейтерс", ки матни як гузориши маҳрамонаро мушоҳида кардааст, рӯзи чаҳоршанбе гузориш дод, ин пешниҳод, ки болотарин пешниҳоди таслиҳотии ироашудаи Амрико ба Арабистони Саудӣ дар 71 соли ахир ба шумор меояд, фурӯши таслиҳот ва таҷҳизот ва ҳамчунин ироаи омӯзишҳои низомиро шомил мешавад.
Ин гузориш, ки аз сӯйи Вилям Ҳортунг, аз Маркази сиёсати байналмилалӣ дар Амрико таҳия шуда, муташаккил аз 42 қарордоди ҷудогона мебошад, ки ҳанӯз бахши аслии он ба Арабистон ирсол нашудааст.
Ҳортунг гуфт, ин гузориш дар таърихи 8 сентябр мунташир хоҳад шуд. Гузоришм Ҳортунг бар асоси додаҳои Ожонси ҳамкории амнияти дифоӣ мунташир шудааст.
Ба гузориши "Рейтерс", аз замоне, ки Абама дар январи 2009 қудратро дар ихтиёр гирифт, пешниҳодҳои таслиҳотии Амрико ба Арабистони Саудӣ шомили ҳама навъ таҷҳизоти низомӣ мешавад. Аз таслиҳоти сабук ва муҳиммот гирифта то тонк, болгардҳои таҳоҷумӣ, мушакҳои ҳаво ба замин, мушакҳои дифоъ аз киштӣ ва новҳои ҷангӣ. Вашингтон ҳамчунин ба нерӯҳои низомии саудӣ дар бораи истифода ва нигаҳдорӣ аз таслиҳоти низомӣ омӯзиш додааст.
Ҳортунг гуфт, ҳаҷми таслиҳоте, ки Амрико ба Арабистони Саудӣ мефурӯшад, метавонад аҳроми муносибе барои эъмоли фишор алайҳи Риёз бошад.
Ҳортунг гуфт, акнун замони он аст, ки давлати Абама аз беҳтарин аҳроме, ки дар ихтиёр дорад, вобастагии Арабистони Саудӣ ба таслиҳот ва ҳимояти Амрико, дар аввалин гом алайҳи ҷанг дар Яман истифода кунад.
Ҳортунг идома дод, пас гирифтани пешниҳоди кунунӣ ҷиҳати ироаи тонкҳои размӣ ё таваққуфи бахше аз даҳҳо миллиард таслиҳот ва хадамоти низомӣ, паёми равшан ба раҳбарони саудӣ аст, ки онҳо бояд бомбаборони ҳамаҷонибаи манотиқи низомӣ ва ғайринизомии Яманро мутаваққиф кунанд ва гомҳои воқеӣ дар ҷиҳати муқобила бо афзоиши талафоти ғайринизомиён бардоранд.
Бар асоси эъломи Эътилофи контроли таслиҳотӣ, гурӯҳе, ки мухолифи фурӯши таслиҳот аст, Биритониё, Фаронса ва Амрико паймони тиҷорати таслиҳоти соли 2014-ро бо содироти таслиҳоти мутаориф ба кишварҳое, ки ҷиноёти ҷангӣ муртакиб мешаванд, нақз кардаанд.
Давлати Абама моҳи гузашта бастаи кӯмаки таслиҳотӣ ба Арабистони Саудӣ, ба арзиши беш аз 1.15 миллиард долларро таъйид кард.
Таҷовузи низомии Арабистони Саудӣ ба Яман аз фарвардини 1394- шамсӣ оғоз шудааст. Бар асоси эъломи Созмони милал, дар ин таҷовузи низомӣ то кунун беш аз 10 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Фаъолони сулҳ аз намояндагони Конгресси Амрико хостаанд то нагузоранд давлат молиёти мардуми Амрикоро харҷи ҳимоят аз режими Арабистони Саудӣ кунад.