Сентябр 13, 2018 17:07 Asia/Dushanbe
  • Тасмими муштараки Эрон ва Афғонистон барои мубориза бо такфириҳо

Раисиҷумҳури Афғонистон ва муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бар азми ду кишвар барои муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ таъкид карданд.

Саид Аббоси Ироқчӣ дар поёни сафари дурӯзаи худ ба Кобул бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дидор ва дар бораи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши тиҷорат ва ҳамлу нақл, муровидоти молӣ ва бонкӣ, тағйироти иқлимӣ, камбуди об ва муборизаи муштарак бо терроризм гуфтугӯ кард.

Раисиҷумҳури Афғонистон ва муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон зимни баррасии мушкилоти ношӣ аз тағйироти иқлимӣ ва камбуди об дар минтақа, бар азм ва иродаи Кобул ва Теҳрон барои табдили об ба мавзӯе барои ҳамкорӣ ва таовун байни ду кишвар таъкид карданд.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон пеш аз ин бо мақомоти Афғонистон монанди Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллӣ, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири амнияти миллӣ, Ҳикмат Халил Карзай, муовини вазири хориҷаи Афғонистон ва низ Тодамичи Ямамото (Tadamichi Yamamoto), намояндаи вижаи Созмони Милал дар Афғонистон дидор ва дар бораи масоил мухталиф табодул назар кард.

Саид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон барои ширкат дар нишасти сеҷонибаи Эрон, Афғонистон ва Ҳинд ва гуфтугӯ дар бораи санади ҷомеи ҳамкориҳо миёни Эрон ва Афғонистон рӯзи сешанбе ба Кобул сафар кард.

 

Барчасп