Сентябр 14, 2018 19:01 Asia/Dushanbe
  • Аврупо нақзи ҳуқуқи мусулмонони Миёнморро маҳкум кард

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо идома ёфтани нақзи ҳуқуқи инсонии мусулмонони Руҳингиёро дар Миёнмор маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Федерика Могерини дар вокуниш ба идома ёфтани нақзи ҳуқуқи мусулмонони Руҳингиё дар Миёнмор хостори ҳокимияти қонун дар ин кишвар шуд.

Федерика Могерини таъкид кард, бояд шароити номуносиб ва ғайриинсонии мусулмонони Руҳингиё дар иёлати Рохин дар ғарби Миёнмор баррасӣ шавад.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо ҳамчунин раванди муҳокимаи ду хабарнигорро дар Миёнмор ноодилона хонд.

Додгоҳе дар Миёнмор ду хабарнигор ба номҳои Ва Лоне ва Кяав Суеро ба ҳафт сол ҳабс маҳкум кардааст.

Ин ду хабарнигор декабри 2017 дар ҳоли тасвирбардорӣ аз ҷиноятҳои артиши Миёнмор алайҳи мусулмонони Руҳингиё боздошт шуданд.

Ҷиноятҳои густурдаи неруҳои артиш ва буддоиёни ифротии Миёнмор зидди мусулмонони Руҳингиё, ки аз 25 августи 2017 шурӯъ шуда, то кунун ҳазорон кушта ва маҷрӯҳ ва садҳо ҳазор овора бар ҷо гузоштааст.