Сентябр 15, 2018 19:05 Asia/Dushanbe
  • Раиси Минҳоҷулқуръони Покистон: Ашк рехтан барои Имом Ҳусайн (а) суннат аст

Раиси Минҳоҷулқуръони Покистон эълом кард, ашк рехтан бар солори шаҳидон суннати Расули Акрам (с) аст.

Ба гузориши Тасним, бисёре аз уламои аҳли суннати Покистон, айёми муҳарамулҳаромро фурсати муносиб барои тақвияти иттиҳоди уммати исломӣ, медонанд ва бо баргузории маросими азодорӣ барои солори шаҳидон талош мекунанд пайравони худро бо ормонҳои он имоми ҳумом ошно кунанд.

Тоҳир ал Қодирӣ, раиси Ҳизби авоми таҳрики Покистон, эълом кард ашк рехтан бар имом Ҳусайн(а), солори шаҳидон ҷузъе аз суннати набавӣ зикр шудааст.

Вай афзуд, ривоёти бисёре вуҷуд дорад, Паёмбари гиромии Ислом (с) дар айёми ҳаёти худ бар имом Ҳусайн (а) ашк рехтанд ва барҳамаи мусулмонон воҷиб аст, ки аз суннати эшон табаият кунанд.

Гуфтанист, дар айёми муҳаррам бисёре аз аҳли суннати Покистон низ ҳампои шиаён ба иқомаи азои солори шаҳидон мепардозанд ва барои он имоми ҳумом, маросими азодорӣ барпо мекунанд.