Сентябр 16, 2018 14:53 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Русия аз идомаи ҷангталабии Амрико дар Афғонистон

Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон аз бемайлии Амрико ба поён ёфтани ҷанг дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард.

Замир Кобулов намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон рӯзи якшанбе дар Кобул пойтахти Афғонистон гуфт: Амрико дар пайи манофеи худ дар Афғонистон аст ва Вашингтон барои барқарори сулҳ дар Афғонистон ҳеҷ қадаме барандоштааст.

Вай афзуд: Амрико бо инҳисорталабии худ, раванди гуфтугӯҳои сулҳро халалдор карда ва монеи ҳузури кишварҳои минтақа дар ин гуфтугӯҳо шудааст.

Намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон тасреҳ кард: Ба назар мерасад, ки Вашингтон тамоюл надорад дар нишасте, ки қарор аст бо мудирияти Русия ва давлати Афғонистон баргузор шавад, ширкат кунад, зеро амрикоиҳо фақат дар нишастҳое ширкат мекунанд, ки мудирияти онро бар ӯҳда дошта бошанд, то ба манофеи худ бирасанд.

Ба эътиқоди мардум ва масъулони Афғонистон, ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм ба ҳамроҳи соири кишварҳои узви НАТО, то кунун ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои Афғонистон, ҳеҷ дастоварде надоштааст.

Аз 23 ҳазор неруи хориҷии ишғолгар дар Афғонистон, 14 ҳазор тан амрикоӣ ҳастанд.

 

Барчасп