Сентябр 17, 2018 19:41 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои Эрдуғон ва Путин дар Сочи

Раисони ҷумҳури Туркия ва Русия бар азми ду кишвар барои густариши равобити дуҷониба ва минтақаӣ дар заминаҳои мухталифи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ таъкид карданд.  

Раҷаб Тайиб Эрдуғон пас аз вуруд ба шаҳри Сочи дар ғарби Русия бо Владимир Путин, ҳамтои руси худ дидор ва дар бораи равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоил ва таҳаввулоти минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯ кард.

Эрдуғон афзуд, ҳамоҳангиҳои Анкара ва Маскав бо ҳадафи ёфтани роҳҳалли масоили минтақа ба нафъи ҳамаи тарафҳост.

Путин низ дар ин дидор гуфт, бо ҳамтои турки худ масоили печида ва роҳҳалли онҳоро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Владимир Путин ҳаҷми тиҷорати байни Туркия ва Русияро рӯ ба афзоиш хонд.

Эрдуғон душанбе вориди Сочии Русия шуд.