Сентябр 17, 2018 20:01 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ раисҷумҳури Сурияро ба террор таҳдид кард

Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ бо интишори чанд акси иддаоӣ аз маҳалли зиндагии Башор Асад, фурудгоҳи биналмилалии Димишқ ва маҳалли истиқрори танкаҳои артиши Сурия, раисҷумҳури ин кишварро ба террор таҳдид кард.

Режими саҳюнистӣ дар талош барои ба намоиш гузоштани моҳияти ҷангафрӯзӣ ва таҷовузгарии худ иддао кард: Ин тасовирро бо истифода аз ҷадидтарин моҳвораи ҷосусии худ бо номи Ofek 11 ба даст овардааст.  

Мақомоти режими саҳюнистӣ чанде пеш низ замоне, ки артиш Сурия дар ҳоли ба даст овардани муваффақиятҳои густарда буд, Башор Асадро ба террор таҳдид карда буданд.

Буҳрон дар Сурия аз 2011 бо таҳоҷуми густардаи гурӯҳ‎ҳои террористӣ барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.  

Режими саҳюнистӣ борҳо аз террористҳо дар Сурия ҳимоят кардааст.