Аксари амрикоиҳо аз амалкарди Трамп норозӣ ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i38178-Аксари_амрикоиҳо_аз_амалкарди_Трамп_норозӣ_ҳастанд
Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷӣ дар Амрико нишон медиҳад, 58 дарсади амрикоиҳо аз амалкарди раисиҷумҳури ин кишвар норозӣ ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 20, 2018 12:55 Asia/Dushanbe
  • Аксари амрикоиҳо аз амалкарди Трамп норозӣ ҳастанд

Натоиҷи ҷадидтарин назарсанҷӣ дар Амрико нишон медиҳад, 58 дарсади амрикоиҳо аз амалкарди раисиҷумҳури ин кишвар норозӣ ҳастанд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии СНН, натоиҷи назарсанҷии ҷадиди ин шабакаи хабарӣ нишон медиҳад, фақат 36 дарсади ширкаткунандагон гуфтаанд, ки аз амалкарди Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико розӣ ҳастанд.

СНН, ин назарсанҷиро шашум то нӯҳуми сентябри 2018 анҷом додааст.

Дар ин назарсанҷӣ, мизони норизоии занон аз амалкарди Трамп бештар буд ба тавре, ки 65 дарсади занони ширкаткунанда дар он, эълом карданд аз амалкарди Трамп норозӣ ҳастанд ва фақат 29 дарсади онон дар бораи амалкарди Трамп назари мусбат доштанд.

Шабакаи телевизионии СНН, гузориш дод, норизоӣ аз амалкарди Трамп бар натоиҷи интихоботи миёндавраӣ таъсиричашмгире хоҳад дошт.

Интихоботи миёндавраӣ дар Амрико, 6 ноябри 2018 баргузор хоҳад шуд.

Дар ин интихобот, 435 курсии Маҷлиси намояндагон ва аз ӣсе як ҳисаи курсиҳои Сенати Амрико ба раъй гузошта хоҳад шуд.