Таҳдиди Пекин ба Вашингтон
Чин дар вокуниш ба таҳримҳои Амрико таҳдид кард, агар Вашингтон таҳримҳо алайҳи Пекинро лағв накунад, бояд мунтазири паёмадҳои он бошад.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, сухангӯи вазорати умӯри хориҷаи Чин имрӯз гуфт, агар Вашингтон ҳар чӣ зудтар ба таҳримҳо алайҳи Пекин поён надиҳад, паёмадҳои манфӣ гиребонгири Амрико хоҳад шуд.
Гонг Шонг эълом кард: Амрико бояд иштибоҳи худро ислоҳ карда ва таҳримҳо алайҳи ширкатҳои чиниро лағв кунад.
Ин изҳороти дипломати чинӣ дар ҳоле аст, давлати Трамп Идораи тавсеаи таҷҳизот ва Созмони тадорукоти таслиҳоти бартари Чинро рӯзи панҷшанбе таҳрим кард.
Тасмими Пекин барои хариди ҳавопаймоҳои ҷангии СУ35 аз Русия ва сомонаи дифоии мушакии С400, хашми Вашингтонро барангехта аст.