Сентябр 25, 2018 22:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Маскав ба Телавив дар бораи танишофаринӣ дар Сурия

Масъалаи сарнагунии ҳавопаймои таҷассусии русӣ дар Сурия, ки Маскав, Исроилро мусаббиб ва муқассири аслии он эълом карда, абъод ва паёмадҳои бесобиқае пайдо кардааст.

Ҳарчанд мақомоти исроилӣ ба шиддат ҳаргуна нақши Телавивро дар ин ҳодиса рад мекунанд, бо ин ҳол Маскав бар ин мавзуъ таъкид карда ва иқдомотеро дар ростои танбеҳи режими саҳюнистӣ ва таҷдиди назар дар равобити низомӣ ва амниятӣ бо он дар арсаи Сурия анҷом додааст.

Изҳороти мақомоти исроилӣ дар бораи тадовуми иқдомоти низомии худ дар Сурия вокуниши манфии Маскавро бар ангехтааст.

Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангуи раисҷумҳури Русия, иқдоми амдии халабонони исроилӣ дар Сурия, ки бар асари он ҳавопаймои Ил-20 Русия сарнагун шуд, бепосух нахоҳад монд.

Дмитрий Песков гуфт, Маскав тадобири бештаре барои дифоъ аз низомиёни худ иҷро мекунад.

Ба гуфтаи Игор Конашенков, сухангуи Вазорати дифои Русия, иттилооти ба дастомада бори дигар исбот мекунад, масъулияти комили ин ҳодиса бо нерӯи ҳавоии Исроил ва фармондеҳони ин нерӯ аст.

Вазорат дифои Русия низ эълом кард, артиши Сурияро муҷаҳҳаз ба сомонаи пешрафтаи дифои ҳавоии С-300 хоҳад кард.

Авигдор Либерман, вазири ҷанги Исроил гуфт: Дар мавриди таҳвилҳои эҳтимолии системи дифои ҳавоии С-300, муҳимтарин масъала ин аст, ки ин силоҳҳо набояд алайҳи Исроил истифода шаванд. Агар онҳоро алайҳи мо истифода кунанд, мо низ муқобила ба мисл мекунем.

Исроил ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир ба тақвияти дифои ҳавоии Сурия нест, чун чунин иқдоме монее ҷиддӣ барои анҷоми ҳамалоти мушакӣ ва ҳавоии нерӯи ҳавоии Исроил дар Сурия ба вуҷуд меоварад.

 

Барчасп