Ироаи тарҳе дар мачлиси Амрико барои мамнуъияти ҷанг бо Эрон
(last modified 2018-09-28T13:44:49+00:00 )
Сентябр 28, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Ироаи тарҳе дар мачлиси Амрико барои мамнуъияти ҷанг бо Эрон

Сенатори демократи Амрико тарҳе ироа кард, ки дар сурати тасвиб, эъломи ҷанги ин кишвар бо Эрон, бидуни муҷаввизи конгресс мамнуъ мешавад.

Том Юдол намояндаи демократи иёлати Нюмексика, ин тарҳи мавсум ба "Ҷилавгирӣ аз ҷанги бидуни муҷаввизи қувваи қонунгузорӣ"-ро панҷшанбе ба кумитаҳои муртабити маҷлиси сенои Амрико ироа кард.

 Ҳашт сенатори дигар низ бо имзои ин тарҳ, аз он ҳимоят карданд.

Юдол гуфт: Рӯйкарди давлати Амрико дар баробари Эрон дуруст ҳамон сенарияеро дунбол мекунад, ки амрикоиҳоро ба сиёсати шикастхӯрдаи ҳамла ба Ироқ ҳидоят кард.

Вай идома дод, пас лозим аст, конгрес ихтиёроти қонунии худро ёдовар шавад ва аз ҳаракати давлат ба сӯи ҷанг ҷилавгирӣ кунад.

Ин сенатори америкоӣ афзуд: Доналд Трамп ҳар рӯз бо сиёсати хориҷии танишзои худаш Амрикоро ба даргирӣ наздиктар ва амнияти миллӣ ва манофеи дипломатиро таҳдид мекунад.

Том Юдол пеш аз ин ҳам бо интиқод аз мавозеи ҷангталбонаи Трамп, Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии ӯ ва дигар мақомоти давлат дар нишасти лобии зиддиэронӣ, эълом карда буд, тарҳашро барои муқобила бо ҷангталабии Трамп ва наздиконаш ба конгресс ироа мекунад.

 

Барчасп