Сентябр 29, 2018 17:57 Asia/Dushanbe
  • Ёздаҳ мошини борбарӣ дар Русия ба оташ кашида шуд

Афроди ношинос 11 мошини борбариро дар Маскав ва Санкт-Петербург ба оташ кашиданд.

Як мақоми амниятии русӣ ба хабаргузории РИА Новости, гуфтааст, шаби гузашта се мошини борбарӣ дар Маскав ва 8 то низ дар шаҳри Санкт Петербург ба оташ кашида шуда ва ба назари мо ин маворид амдӣ (қасдона) будааст.

Вусъати маҳдудаи оташсӯзӣ дар Маскав 50 метри мураббаъ ва дар Санкт-Петербург беш аз сад метри мураббаъ гузориш шудааст.

Ҷузъиёти бештаре аз ин ҳаводис ва ин ки чӣ касоне омили эҳтимолии он будаанд, эълом нашудааст.

Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки миллгароёни украинӣ, ки ду рӯз пеш ба худравҳои дипломатии Русия дар Киев ҳамла карда буданд пушти пардаи ин ҳамалот бошанд.