Сентябр 29, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Маскав ва Пекин аз БАРҶОМ ҳимоят мекунанд

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки Русия ва Чин аз тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ), ҳимоят мекунанд.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии Russia Today, гуфт, Русия ва Чин бо тамоми қувва аз тавофуқи ҳастаии Эрон ҳимоят мекунанд чаро, ки БАРҶОМ намунаи хубе барои ҳаллу фасли ихтилофот аз роҳҳои сиёсӣ байни кишварҳо аст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия афзуд, давлати Амрико дар ҳоле даст ба сиёҳнамоӣ алайҳи Эрон мезанад, ки ду сол пеш бо ин кишвар тавофуқи ҳастаӣ, имзо кард ва бар асоси он наҳваи ҳаллу фасли ихтилофот мушаххас шуд.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 шомили Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон аз январи 2016 иҷроӣ шуд, аммо Трамп, 8 майи 2018 ба баҳонаҳои воҳӣ(беасос) ва ба сурати якҷониба аз БАРҶОМ хориҷ шуд.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ рӯбарӯ шуд.

Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони тарафҳои БАРҶОМ тасреҳ карданд, аз ин тавофуқи байналмилалӣ ҳимоят мекунанд.

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ва нозирони байналмилалӣ, низ борҳо сулҳомез будани барномаи ҳастаии Эрон ва пойбандии Теҳрон ба тааҳҳудоташ дар БАРҶОМ-ро таъйид кардаанд.

 

Барчасп