Октябр 01, 2018 12:14 Asia/Dushanbe

Карин Кнейссл, вазири хориҷаи Австрия, ки ба ҳафт забони зиндаи дунё мусаллат аст, дар Маҷмаи умумии Созмони милал ба забони арабӣ суханронӣ кард.

Тибқи видеое, ки Созмони милал мунташир кардааст, ӯ забони арабиро муҳим, зебо ва бахше аз тамаддуни муҳими арабӣ тавсиф кард ва гуфт, ки дар тӯли солҳои ҷанг дар Лубнон дарс хонда ва омӯхтааст, ки мардум аз Бағдод то Димишқ читавр бар хилофи шароити сахт зиндагии худро пеш мебаранд ва ин рози зиндагӣ аст ва ӯ ба ин мардум эҳтиром мегузорад.

Ин вазир илова бар забони олмонӣ-ки забони модариаш аст,  метавонад ба ҳафт забони зиндаи дунё яъне англисӣ, фаронсавӣ, испанияӣ, арабӣ, ибрӣ, венгрияӣ ва италияӣ суҳбат кунад.