Доллар куҷо ва чигуна чоп мешавад?
(last modified Mon, 01 Oct 2018 08:05:42 GMT )
Октябр 01, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
  • Доллар куҷо ва чигуна чоп мешавад?

Доллар ва уроқи давлатии Амрико дар 150 соли ахир дар дафтари чоп ва ҳаки Амрико чоп мешавад.  

Ҳарсола як миллион боздидкунанда аз тариқи масири махсуси шишаӣ аз утоқакҳои чопи доллар дидан мекунанд.

Ранги пасзаминаи сабзи доллар яке аз муҳимтарин ва қадимитарин вижагиҳои амниятии доллар ба шумор меравад ва формулаи таҳияи ин ранги сабз маҳрамона аст.  

Ҳар дастгоҳ метавонад дар ҳар соат то 10 ҳазор доллар чоп кунад, аммо садои ин дастгоҳ 95 детсибел аст, ки бидуни муҳофизи махсуси гуш, боиси осеби ҷиддӣ ба шунавоӣ хоҳад шуд.

Пас аз чопи доллар, ба 3 рӯз замон ниёз аст, то пулҳо хушк шаванд.

Image Caption

Ба таври миёнгин дар ҳар рӯз 560 миллион доллар чоп мешавад.

Коркунон дар ин марказ ҳақ надоранд, ба танҳоӣ кор кунанд. Ҳамчунин ҳуқуқи онҳо ба таври миёнгин 93 ҳазор доллар дар сол аст, ки 2 баробар бештар аз ҳадди ақали дастмузди солонаи ин кишвар аст.

Дар ниҳоят ба ҳар доллар тавассути дастгоҳе махсус як шумораи сериал тахсис дода мешавад.

Пас аз дарҷи шумораи сериал, долларҳо дастабандӣ ва ҳар 10 бастаи 100 тагӣ даруни як пушиши пластикии махсус барои таҳвил ба бонки марказӣ омода мешавад.