Коҳиши саҳми доллар аз захоири асъории ҷаҳон
(last modified Wed, 03 Oct 2018 10:39:11 GMT )
Октябр 03, 2018 15:39 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши саҳми доллар аз захоири асъории ҷаҳон

Сандуқи Байналмилалии пул эълом кард, саҳми доллар дар захоири арзи (асъори) -и бонкҳо ба камтарин рақами панҷ соли ахир расид.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин сандуқ дар тозатарин гузориши худ эълом кард, саҳми доллар дар захоири арзии бонкҳои марказии ҷаҳон дар семоҳаи дувуми соли 2018 бо расидан ба 62 дарсад, камтарин рақам аз соли 2013 ба ин сӯ маҳсуб мешавад.

Дар ин гузориш омадааст, юан (воҳиди пули Чин) вазъияти худро дар миёни арзҳои захираи ҷаҳонӣ дар семоҳаи дувуми соли 2018 бо расонидани саҳми худ ба 1, 84 дарсад дар захоири бонкҳои марказӣ мустаҳкам кард.

Бар ҳамин асос, бонкҳои марказии ҷаҳон дар семоҳаи дувуми соли 2018 муодили 193 миллиарду 400 миллион доллар юан нигаҳдорӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки саҳми юан дар захоири арзии ҷаҳон бо вуҷуди танишҳои тиҷорӣ миёни Чин ва Амрико рушд дошта ва ин арз ҷойгоҳи шашуми худро дар миёни тамоми арзҳои ҷаҳон субот бахшидааст.

Идомаи раванди кунунӣ боиси коҳиши истифода аз доллар ва дар натиҷа тазъифи бештари ҷойгоҳи он дар арсаи тиҷорати байналмилалӣ ва низ мубодилоти пулии ҷаҳонӣ хоҳад шуд.