Устоди забони форсӣ сафири ҷадиди Туркия дар Эрон
Октябр 04, 2018 11:29 Asia/Dushanbe
Профессори Деря Орс, эроншинос, мутарҷим ва пажуҳишгар дар риштаи забон ва адабиёти форсӣ сафири ҷадиди Туркия дар Эрон шуд.
Деря Орс, раиси собиқи Шӯрои олии фарҳанг, забон ва таърихи Ататурк дар Туркия чаҳоршанбе ба унвони сафири ҷадиди Туркия дар ҷумҳурии исломии Эрон муаррифӣ шуд.
Вай мусаллат ба забони форсӣ аст ва дар дидорҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бо мақомоти ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони мутарҷим фаъолият мекард.
Барчасп