Октябр 05, 2018 21:58 Asia/Dushanbe
  • Дасти радди Парлумони Аврупо бар синаи Нетаняҳу

Муовини Парлумони Аврупо ҳам бо радди мавозеи режими Исроил зидди тавофуқи ҳастаӣ, ҳар гуна иқдом алайҳи ин тавофуқро ғалат донист.

Александр Николас Ламбсдорф муовини Парлумони Аврупо ва аз намояндагони баландпояи ҳизби либерал-демократи Олмон дар мусоҳиба бо радиои Олмон ба ихтилофҳои асосии Берлин ва Тел-Авив дар мавзӯи тавофуқи ҳастаӣ (БАРҶОМ) пардохт ва таъкид кард, интиқод аз БАРҶОМ ва радди он, ки мадди назари Исроил аст, ба ҳеҷ ваҷҳ дуруст нест.

Муовини Парлумони Аврупо рӯйкарди дурустро он донист, ки Аврупо ҳамаи иқдомотро анҷом диҳад то тавофуқи ҳастаӣ ҳифз шавад ва дастрасии бозрасони Ожонси байналмиллии энержии атомӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон тазмин шавад.

Ин мавзеъгирии мақоми Парлумони Аврупо алайҳи мавозеи Тел-Авив зидди БАРҶОМ ба думболи он сурат мегирад, ки Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ 27 сентябр дар суханронии худ дар Маҷмаии умумии Созмони милали муттаҳид бо нишон додани як акс, муддаӣ шуд, ки дар Теҳрон, анбори махфии таҷҳизот ва маводи ҳастаӣ вуҷуд дорад, ки давлати Эрон, онро ба ожонс гузориш накардааст.

Пас аз он Юкия Амано мудири кулли Ожонси байналмилали энержии атомӣ дар баёнияе расмӣ бо радди иддаои зиддиэронии Нетаняҳу эълом кард, ин созмон ростиозмоӣ ва назорат бар иҷрои тааҳҳудоти ҳастаии Эронро анҷом медиҳад ва ба тамоми сайтҳо ва маконҳои мавриди ниёз дар Эрон дастрасӣ дорад.