Дархости афви байналмилал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қиболи қатли рӯзноманигори арабистонӣ
(last modified Mon, 08 Oct 2018 07:18:28 GMT )
Октябр 08, 2018 12:18 Asia/Dushanbe
  • Дархости афви байналмилал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қиболи қатли рӯзноманигори арабистонӣ

Созмони афви байналмилал аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, дар баробари саркуби мухолифони ақидатӣ аз сӯи мақомҳои Арабистон сукут накунанд ва ба Риёз фишор оваранд, то парвандаи мубҳами рӯзноманигори арабистонӣ рамзгушоӣ шавад.  

Линн Маалуф, мудири таҳқиқоти ховари миёнаи Созмони афви байналмилал гуфт, ки таҳқиқоти мустақил дар бораи марг Ҷамол Хошқчӣ, нависандаи мунтақиди режими Саудӣ дар Туркияро хостор аст ва мехоҳад, омилони ин ҷиноят бидуни таваҷҷуҳ ба мақомашон, дар ихтиёри дастгоҳи адолат қарор гиранд.

Маалуф бо баёни инки қатли Хошқчӣ метавонад таҳдиди хатарноке барои мудофеони ҳуқуқи башар ва мухолифони Арабистони Саудӣ дар ҳар ҷои ҷаҳон бошад, таъкид кард: Ин мавзуъ, ҷустуҷуи фаъолони ин кишвар барои ёфтани момн амн хориҷ аз Арабистонро ба шиддат таҳдид мекунад.