Октябр 08, 2018 19:49 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми ришвахорӣ ба раиси Интерпол

Мақомоти Чин мегӯянд, раиси Интерпол ба иттиҳоми «ришвахорӣ» ва «таҷовуз аз қонун», дастгир ва боздошт шудааст.

Ба гузориши ИРНА, саранҷом баъд аз як ҳафта бехабарии афкори умумӣ аз сарнавишти Менг Ҳонгвей, раиси чинии Пулиси байналмилал, Комиссияи миллии назорати Чин эълом кардааст, ӯ ба иттиҳоми «нақзи эҳтимолии қонуни ин кишвар» боздошт шуда ва дар ҳоли бозҷӯӣ аст.

Ин комиссия тасреҳ кард, Менг, ки ҳамзамон симмати муованати вазири умури амнияти умумии Чинро дар ихтиёр дорад, дар боздошти нируҳои амниятӣ аст.

Вазорати амнияти умумии Чин ҳам имрӯз бо интишори баёнияе эълом кард, Менг Ҳонгвей, раиси чинии Пулиси байналмилал ба иттиҳоми «ришвахорӣ» боздошт шуда ва таҳти бозҷӯӣ қарор гирифтааст.

Раиси Интерпол ҳудуди 10 рӯз пеш, пас аз бозгашт аз Фаронса ба Чин, нопадид шуда буд.

Пеш аз ин бархе расонаҳо гузориш дода буданд, ки Менг дар замони вуруд ба Пекин, дар фурудгоҳ боздошт шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дабирхонаи Пулиси байналмилал (Интерпол) эълом кард, ки Менг Ҳонгвей, раиси ин ниҳод, ки дар боздошти Ожонси олии зидди фасоди Чин аст, аз симмати худ истеъфо кардааст.

Интерпол эълом кард, ки Ким Ҷонг Янг, мақоми аршади узви Кумитаи иҷроии ин ниҳод ба таври муваққат раёсати Интерполро дар даст гирифтааст.

Давлати Чин аз 5 сол қабл токунун бо ҳадафи мубориза бо фасоди молӣ дар миёни дастгоҳҳои давлатӣ ва ҳизбӣ, беш аз як миллиону 300 ҳазор нафар аз мақомҳояшро дастгир кардааст.