Октябр 13, 2018 15:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди навбатии Аврупо бар пойбандӣ ба БарҶом

Раиси комиссияи суботи молии Иттиҳоди Аврупо бо интиқоди зимнӣ аз хуруҷи якҷонибаи Амрико аз тавофуқи ҳастаии Эрон таъкид кард, Иттиҳоди Аврупо ҳамчунон ба БарҶом пойбанд аст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Блумберг”, Валдис Домбровскис, раиси комиссияи суботи молии Иттиҳоди Аврупо гуфт, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ чанд бор пойбандии Эронро ба тавофуқи ҳастаӣ (БарҶом) таъйид кардааст ва Иттиҳоди Аврупо низ ҳамчунон ба ин тавофуқ пойбанд аст.

Домбровскис бо ишора ба хуруҷи якҷонибаи Амрико аз БарҶом афзуд, дар дидори ахираш бо вазири хазонадории Амрико таъкид шуд, ки бояд аз корҳое, ки бар зерсохти молии байналмилалӣ таъсир мегузорад, худдорӣ кард, зеро сабаби чандтика (чандпора) шудани шабакаи молии ҷаҳонӣ мешавад ва дар ин сурат низоми молии байналмилалӣ шаффофияташро аз даст хоҳад дод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8 – уми май бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хуруҷи Вашингтон аз БарҶом ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Эрон ва Аврупо дар ҳафтаҳои ахир гуфтугӯҳоеро ба манзури ҳифзи БарҶом пас аз хуруҷи Амрико аз ин тавофуқи байналмилалӣ оғоз кардаанд.

Аврупо дар ин музокирот мутааҳҳид шуд, бастаи ҳимоятӣ дар чорчӯби БарҶом ва барои муқобила бо таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ба Теҳрон ироа кунад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кардааст, интизор дорад бастаи ироашуда аз сӯйи кишварҳои Аврупо ҳуқуқи миллати Эрон аз БарҶомро тазмин кунад.