Октябр 15, 2018 12:37 Asia/Dushanbe
  • Осебпазирии сомонаҳои дифои сайберии Амрико

Дафтари ҳисобрасии давлати Амрико гузориш дод: Сомонаҳои дифоии ин кишвар дар баробари ҳамалоти сайберӣ осебпазир аст.

Дафтари ҳисобрасии давлати Амрико GAO дар гузорише эълом кард: Дар камтар аз як соат як ҳакер метавонад вориди сомонаи дифоии вазорати дифои ин кишвар Пентагон шавад ва дар як рӯз ин сомонаро таҳти контрол дароварад.

Бар асоси ин гузориш, Пентагон ба далели бетаваҷҷуҳӣ ба ҳамалоти сайберӣ ба сомонаҳои дифоӣ, молики як насли комили сомонаҳое аст, ки бидуни дар назар гирифтани амнияти иттилоотии лозим эҷод шудаанд ва ин вазъ нерӯҳои амниятии ин кишварро дар маърази паёмадҳои вайронгаре қарор медиҳад.

Даниэл Вагнер, мудири кулли ниҳоди мудирияти хатарот дар Амрико дар бораи авзои ин кишвар дар заминаи амнияти сайберӣ эълом кард: Калими убури бархе сомонаҳо аз замони роҳандозии онҳо дар даҳаи 1970 бидуни тағйир мондааст дар ҳоле, ки ҳакерҳо ба роҳатӣ метавонанд ба ин калимоти убур дастрасӣ пайдо кунанд.