Октябр 16, 2018 14:35 Asia/Dushanbe
  • Худдории Google аз ҳузур дар нишасти Арабистон

Ширкати Google (Гугл) дар вокуниш ба қатли рӯзноманигори мунтақиди режими саудӣ, аз ҳузур дар нишасти сармоягузорӣ дар Риёз канорагирӣ кард.

Ба гузориши “Рейтерз”, ширкати Google рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, Дён Грин, аз мудирони ин ширкат дар нишасти Риёз, ки қарор аст бистусевуми октябри соли 2018 оғоз ба кор кунад, ширкат нахоҳад кард.

Аз замони интишори хабари қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди режими саудӣ, ки барои рӯзномаи “Вашингтон пост” кор мекард, бисёре аз ниҳодҳо, муассисоти бузург ва сиёсатмадорон даст кашидан ё инсирофи худро аз ҳузур дар нишасти Риёз эълом карданд.

Ҷамол Хошуқҷи 2 – юми октябри соли 2018, пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия нопадид шуд.

Расонаҳо чанд рӯз баъд гузориш доданд, Хошуқҷи дар дохили консулгарии Арабистон ба қатл расидааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ равшангарӣ ва посухи ошкору шаффофи Риёзро дар ин робита хостор шудааст.

Номи Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди режими саудӣ дар феҳристи афроди боздоштӣ ва таҳти таъқиби мақомоти Риёз қарор дошт.