Октябр 16, 2018 19:08 Asia/Dushanbe
  • Густариши нуфузи ҷаҳонии Русия дар даҳаи оянда

Вазорати дифои Британия бо ироаи гузорише пешбинӣ кард, ки дар даҳаи оянда нуфузи Русия дар саросари ҷаҳон густариш хоҳад ёфт.

Ба нақл аз Спутник, дар гузориши Вазорати дифои Британия, ки понздаҳуми октябр бо унвони Равандҳои стратегии ҷаҳонӣ мунташир шуда, омадааст, ки “ҳузури Русия дар саҳнаи байналмилалӣ аз ҷумла дар қутби шимол, Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ густариш хоҳад ёфт”.

Гузориш меафзояд: 60 дарсади содироти таслиҳоти Русия ба минтақаи Осиё-Уқёнусия тааллуқ дорад, аз ин рӯ ин минтақа барои санъати дифоӣ-низомии Русия авлавият дорад.

Русия ҳамзамон бо густариши ҳамкорӣ бо Чин, иртиботи низомӣ бо Ҳиндро ҳифз хоҳад кард ва қарордодҳои ҷадидеро бо Покистон ба имзо хоҳад расонд.

Ҳамчунин бар асоси ин гузориш, ҳастаи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Русия тағйире нахоҳад кард ва минтақаи Авруосиё маркази бартари стратегӣ барои Русия боқӣ хоҳад монд.