Октябр 21, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани чиҳил нафар дар рӯзи интихоботи Маҷлиси милли Афғонистон

Бар асари ҳамлаҳо ва инфиҷорҳои террористӣ ҳамзамон бо баргузории интихоботи Маҷлиси милли Афғонистон,40 нафар кушта шуданд.

Вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, рӯзи шанбе 200 ҳамла дар манотиқи мухталифи Афғонистон сабт шуд, ки бар асари он 110 нафар аз мардуми осоишта захмӣ шуданд.

Раванди раъйгирии интихоботи маҷлиси миллии Афғонистон, ки аз субҳи рӯзи шанбе оғоз шуда буд, соати ҳашт ба таври расмӣ поён ёфт.

Бар асоси ин гузориш, рӯзи гузашта ҳудуди се миллион нафар раъйи худро ба сандуқ рехтанд.

Қарор аст интихоботи парлумонӣ дар 371 маркази раъйгирӣ, ки дирӯз баргузор нашуда буд, имрӯз баргузор шавад.