Арабистон ба дархости Помпео ба қатли Хошуқчӣ эътироф кард
(last modified Sun, 21 Oct 2018 13:44:03 GMT )
Октябр 21, 2018 18:44 Asia/Dushanbe
  • Арабистон ба дархости Помпео ба қатли Хошуқчӣ эътироф кард

Муҷтаҳид, ифшогари ахбори марбут ба хонадони Оли Сауд эълом кард: Баёнияи расмии Арабистон дар эътироф ба қатли Ҷамол Хошуқчӣ дар сафари ахири вазири хориҷаи Амрико ба Арабистон содир шудааст.

Арабистони Саудӣ саранҷом шанбе 20 октябр ба таври расмӣ кушта шудани Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудиро дар консулгарии ин кишвар дар Истанбул тайид кард.

Муҷтаҳид дар Твиттери худ навишт: Помпео дар ин сафар зимни дидор бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон таъкид кард, ки такзиби қатли Хошуқчӣ ба сурати комил барои вай бисёр хатарнок аст ва бояд ба сурати ҷузъӣ ба он эътироф ва масъулияти ин парвандаро мутаваҷҷеҳи як масъули барҷастаи иттилоотӣ кунад.

Ба гуфтаи Муҷтаҳид, Бин Салмон низ қасд дорад, Аҳмад бин Ҳасани Асирӣ, яке аз масъулони иттилоотии барҷастаи Арабистонро қурбонӣ кунад ва ҳамоҳангиҳо миёни Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Муҳаммад бин Салмон дар хусуси қатли Ҷамол Хошуқчӣ идома дорад.

Фишори расонаӣ бар Кохи Сафед боис шуд, то Доналд Трамп сешанбе вазири хориҷаи ин кишвар Майк Помпеоро роҳии Риёз кунад.

Коршиносон, сафари Помпео ба Риёзро ба талоши Вашингтон барои берун кашидани Арабистон аз гирдобе тавсиф карданд, ки ба далели дахолат дар марги Хошуқчӣ гирифтори он шудааст.