Октябр 22, 2018 15:43 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Амрико аз тарҳи ба сифр расонидани содироти нафти Эрон

 Пас аз чанд ҳафтаи хату нишон кашиданҳои мақомоти амрикоӣ барои содироти нафти Эрон, саранҷом вазири хазонадории Амрико эълом кард, ки ин кишвар барои харидорони нафт аз Эрон муофият дар назар хоҳад гирифт.

Стивен Мнучин дар ақибнишинии ошкор аз мавзеи пешини давлати Амрико гуфт: “Харидорони нафти Эрон бояд бештар аз рақами 20 дарсадӣ, ки дар солҳои 2013 то 2015 мулзам буданд, воридоти нафти Эронро коҳиш диҳанд то битавонанд аз муофиятҳои Амрико бархурдор шаванд”.

Ин дар ҳоле аст, ки пеш аз ин мақомоти амрикоӣ доим таъкид мекарданд, ки бояд фурӯши нафти Эрон рӯзи панҷуми ноябр, нахустин рӯзи бозгашти таҳримҳои нафтӣ ва бонкии Амрико, ба сифр бирасад. Онон ҳамчунин эълом медоштанд, ки фақат дар шароити бисёр изтирорӣ ва барои теъдоди бисёр маҳдуди муштариёни нафти Эрон, муофият дар назар хоҳанд гирифт.

Франсиско Бланч, аз мақомоти аршади бонки сармоягузории “Меррил Линч” пеш аз ин гуфта буд: “Аз назари мо, қатъи комили содироти нафти Эрон иқдоме аст, ки мудирияти он бисёр душвор аст ва эҳтимолан афзоиши баҳои нафт ба болои 120 доллар дар ҳар бушкаро дар пай хоҳад дошт”.

Албатта, қобили интизор аст, бо рӯйкарди қулдурмаобонаи давлати Амрико, фурӯши нафти Эрон барои муддате коҳиш ёбад. Бо ин ҳол, афзоиши қимати нафт дар ниҳоят касри фурӯшро ҷуброн ва даромади тақрибан баробар бо гузаштаро барои Эрон ба ҳамроҳ хоҳад овард. Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико борҳо ибрози итминон карда буд, ки бо қатъи фурӯши нафти Эрон, дар ин кишвар ё шӯриш рух хоҳад дод ё мақомоти эронӣ саранҷом ба музокираи дубора бо Вашингтон маҷбур хоҳанд шуд.

Дар ҳоле, ки ду ҳафта монда ба бозгашти таҳримҳои нафтӣ ва бонкии Амрико ва ба гузориши манобеи огоҳ дар бозори ҷаҳонии энержӣ, содироти нафти Эрон ҳамчунон ҳудуди ду миллион бушка дар рӯз идома дорад ва дар таъмини манобеи молии мавриди ниёз барои идораи кишвар халале эҷод нахоҳад шуд.

Ин дар ҳоле аст, ки то чанд рӯзи дигар механизми тарроҳишуда миёни Эрон ва Иттиҳоди Аврупо барои интиқоли пул фориғ аз маҳдудиятҳои Амрико, оғоз ба кор мекунад ва бо иҷрои он, ба харидорон нисбат ба идомаи муомилоти нафтӣ ва интиқоли пули ҳосил аз фурӯши нафти Эрон итминони хотири бештар дода хоҳад шуд.

Ба ҳар ҳол, акнун мушаххас шудааст, ки мизони таъсиргузории иқдомоти якҷонибагароёнаи Амрико дар арсаи сиёсӣ ва иқтисодӣ барои нобудии тавофуқ ҳастаӣ бо Эрон камтар аз миқдоре аст, ки давлати Трамп таблиғ мекард.

Дар ҳақиқат БарҶом ва мизони фурӯши нафти Эрон, сирфан як мавзӯи дуҷониба миёни Теҳрон ва Вашингтон ё ҳатто як мавзӯи чандҷониба миёни Амрико ва музокиракунандагони БарҶом набуд. Балки ояндаи тавофуқи ҳастаӣ наҳваи мудирияти иқтисоди ҷаҳониро шакл медиҳад. Ба иборати дигар, миллигароёни иқтисодӣ дар Амрико ба намояндагии Трамп дар талош ҳастанд ба баҳонаи БарҶом иродаи худро бар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳмил ва ҳамагонро ба пайравии маҳз аз қонунҳои амрикоӣ, аз ҷумла фармонҳои иҷроии раисҷумҳурӣ, мусавваботи конгресс ва қудрати молии доллар водор намоянд.

Дар ҳоле, ки ҷаҳон бо муттаҳид шудан пушти сари БарҶом ва эҷоди механизмҳои молии мустақил аз доллар, дар ҳоли тарроҳии назме аст, ки дар он манофеи ҷамъӣ ва нафақат манофеи Амрико таъмин шавад. Иҷрои ин воқеият, ки нафти Эрон бо вуҷуди ҳаддиаксари фишор аз сӯйи Вашингтон ҳамчунон ба фурӯш хоҳад рафт, гоми нахуст дар эҷоди назми ҷадиди иқтисодӣ дар ҷаҳон ба шумор меояд.

 

Барчасп