Пешниҳоди ришва ба Туркия барои баста шудани парвандаи Хошуқҷи
Сардабири рӯзномаи “Аш-Шарқ” – и Қатар пешниҳоди ришваи Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркияро барои бастани парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷи фош кард.
Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорон, Содиқ Муҳаммад Алъамори, сардабири рӯзномаи “Аш-шарқ” – и Қатар дар сафҳаи Твиттери худ ба нақл аз як манбаи наздик ба раисҷумҳури Туркия навишт: “Холид Алфайсал, амири Макка ба Эрдуғон пешниҳод додааст, дар ивази баста шудани парвандаи Хошуқҷи ба Анкара кумаки молӣ кунад ва ба таҳрими Қатар поён диҳад, аммо Эрдуғон ин пешниҳодро ришваи сиёсӣ қаламдод кардааст”.
Пештар ҳам Ҳокон Кокил, сафири Туркия дар Лубнон аз ришваи 5 миллиарддолларии Арабистон ба Туркия барои бастани парвандаи Хошуқҷи хабар дода буд.
Раисҷумҳури Туркия рӯзи сешанбе дар маҷлиси ин кишвар бо шарҳи ҷузъиёти қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ таъкид кард, бар хилофӣ бархе гумоназаниҳо, қатли Хошуқҷи аз пеш барномарезишуда буд.
Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди Оли Сауд 2 – юми октябри ҷорӣ пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истанбул нопадид шуд ва бисёре аз манобеи хабарӣ эълом карданд, ки вай ба дасти авомили вобаста ба режими Оли Сауд ба қатл расидааст.