Октябр 24, 2018 22:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷинояти Толибон дар ҳаққи шуморе аз ширкаткунандаҳо дар интихоботи Афғонистон

Аъзои гурӯҳи Толибон ангуштҳои рангшудаи 10 нафар аз раъйдиҳандагон дар интихоботи парлумонии Афғонистонро дар вилояти Фараҳ дар ғарби ин кишвар қатъ карданд.  

Шоҳмаҳмуди Наимӣ, узви Шӯрои вилоятии Фараҳ эълом кард, шумори афроде, ки ангушти рангшудаи онҳо ба дасти Толибон қатъ шуда, дар ин вилоят ба 10 нафар расидааст.

Вай афзуд: Аносури Толибон шуморе аз сокинони вилояти Фараҳро ба далели ширкат дар интихоботи парлумонӣ ба гаравгон гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол фаъолони маданӣ дар вилояти Фараҳ эълом карданд, аносури Толибон дар се рӯзи гузашта панҷ нафар аз раъйдиҳандагонро дар ин вилоят куштанд.

Интихоботи маҷлиси милли Афғонистон 20 ва 21 октябр дар 32 вилоят аз маҷмуи 34 вилояти Афғонистон баргузор шуд ва вилоятҳои Қандаҳор ва Ғазнӣ ба далели масоили амниятӣ ва ихтилофоти қавмӣ аз ин раванд боз монда буданд.  

Натоиҷи оғозини севумин давраи интихоботи маҷлиси миллии ин кишвар шашуми ноябр ва натиҷаи қатъӣ 20 декабр эълом мешавад.

 

Барчасп