Октябр 26, 2018 17:50 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Исломобод бо эъзоми неруи низомӣ ба Яман

Вазири умури хорҷаи Покистон аз мухолифати давлати ин кишвар бо эъзоми неруи низомӣ ба Яман хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, Покистон ҳеҷ неруи низомӣ ба Яман эъзом нахоҳад кард ва мувофиқи ҷанг дар Яман нест.

Вазири умури хориҷаи Покистон таъкид кард, ҳамлаи низомии Арабистон ба Яман ва ҷанг дар ин кишвар бояд поён ёбад.

Пеш аз ин Умронхон нахуствазири Покистон низ дар гуфтугӯи телевизионӣ бо ишора ба буҳрони Яман гуфт: Исломобод ба дунболи наздик кардани кишварҳои исломӣ аст ва бо ҳамин ҳадаф талошҳои ҷадидеро барои поён додан ба ҷанг дар Яман анҷом хоҳад дод.

Мардуми Покистон борҳо бо мусулмонони мазлуми Яман ибрози ҳамдардӣ карда ва хостори таваққуфи ҳамлаҳои оли Сауд шудаанд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз моҳи марти 2015 ба Яман ҳамла ва ин кишварро муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ кардааст.

 

Барчасп