Октябр 27, 2018 12:28 Asia/Dushanbe
  • Норизоии аксари мардуми Амрико аз амалкарди Трамп

Натиҷаҳои назарсанҷии нав нишон медиҳад, аксари амрикоиҳо аз амалкарди раиси ҷумҳури Амрико норозӣ ҳастанд.

Ба гузориши торнамои хабарии нашрияи Ҳейл, натиҷаҳои назарсанҷии нав ва муштараки радио "NPR", шабакаи "PBS" ва муъассисаи  Marist , ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд нишон медиҳад 53 дарсади мардуми Амрико аз амалкарди Доналд Трамп норозӣ ҳастанд.

Бар асоси натиҷаҳои ин назарсанҷӣ, танҳо 39 дарсад аз амалкарди Трамп ризоят доранд.

Коҳиши маҳбубияти Трамп дар ҳолест, ки вай дар  остонаи интихоботи миёндавраии Амрико дар заминаи сиёсатҳои муҳоҷиратӣ бо интиқодоти густардае ру ба ру аст.

Интихоботи миёндавраии Амрико, ноябри 2018 баргузор мешавад ва дар бахши муҳимме аз он, 435 курсии маҷлиси намояндагон ва як севвуми курсиҳои Сано ба раъй гузошта хоҳад шуд.

 

Барчасп