Номзади Хошуқҷи даъвати Трамп барои сафар ба Амрикоро напазируфт
Хадиҷа Чангиз, номзади Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди Оли Сауд гуфт: “Амрико дар парвандаи қатли Хошуқҷи содиқ нест ва даъвати раисҷумҳури ин кишварро барои сафар ба Амрико намепазирам”.
Ба гузориши ИРНА, Хадиҷа Чангиз рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Хабар турк” бо ишора ба беэътимодии худ нисбат ба Амрико дар парвандаи қатли Хошуқҷи таъкид кард, изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи ин парванда духура аст ва фақат барои ҷалби таваҷҷуҳи умум бархе матолибро баён мекунад.
Хадиҷа Чангиз гуфт: Замоне, ки ба консулгарии Арабистон дар Истанбул муроҷиа кардем, ӯ хеле нигарони ҷони худ буд ва ман ҳам мехостам ҳамроҳи ӯ вориди сохтмони консулгарӣ шавам, вале ба ман иҷоза надоданд ва Хошуқҷи гуфт, агар иттифоқе барояш афтод, бо Ёсин Октой, аз наздикони раисҷумҳури Туркия тамос бигирам ва ман низ ҳамин корро кардам”.
Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ 2 –юми октябр пас аз вуруд ба консулгарии Арабистон дар Истанбул нопадид шуд ва Арабистони Саудӣ 18 рӯз баъд аз нопадид шудани Ҷамол Хошуқҷи эълом кард, вай дохили сохтмони консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул кушта шудааст.
Додситони саудӣ ҳам гуфт, иттилооти ба дастомада нишон медиҳад, муттаҳамин бо барномарезии қаблӣ иқдом ба қатли ин рӯзноманигор кардаанд.