Октябр 28, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Истанбул, ақибнишинии ғарб аз ҳазфи Башор Асад

Сарони Туркия, Олмон, Русия ва Фаронса пас аз поёни нишасти чаҳорҷонибаи Истанбул дар бораи Сурия дар як нишасти хабарии муштарак ширкат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нуктаи ҷолиб дар суханони сарони Туркия, Фаронса ва Олмон, ақибнишинии ҳар се кишвар аз шарти ҳазфи Башор Асад раиси ҷумҳури Сурия аз қудрат буд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон раиси ҷумҳури Туркия пас аз 7 сол нотавонии террористҳо дар сарнагун кардани низоми Сурия эълом кард ин мардуми Сурия ҳастанд, ки ояндаи Башор Асадро таъин хоҳанд кард.

Ангела Меркел садри аъзами Олмон низ дар ин нишасти хабарӣ тасреҳ кард бояд фурсате дода шавад, то мардуми Сурия худ битавонанд сарнавишташонро таъин кунанд.

Эмануэл Макрон раиси ҷумҳури Фаронса ҳам дар ин нишасти хабарӣ гуфт: Ин мо нестем, ки бояд дар бораи сохтори сиёсии ояндаи Сурия тасмим бигирем балки мардуми Сурия бояд ин корро анҷом диҳанд.

Макрон бо баёни инки дар Сурия як давлати мустақил вуҷуд дорад тасреҳ кард бояд ба ин давлат эҳтиром гузошт.

Владимир Путин низ таъкид кард танҳо мардуми Сурия ҳақ доранд дар бораи сарнавишташон тасмим бигиранд.

Ғарбиҳо ва Туркия пештар борҳо бар лузуми барканории Асад аз қудрат таъкид карда буданд.

Башор Асад нақше асосӣ дар муборизаи террористҳои мавриди ҳимояти Амрико ва муттаҳидонаш дар сурия дорад.

Нишасти чаҳорҷонибаи Истанбул дар бораи Сурия шанбешаб дар Истанбул бо интишори баёнияе поён ёфт.

Дар ин баёния бар ташкили Кумитаи Қонуни асосӣ ва ҳифзи тамомияти арзӣ ва якпорчагии сиёсии Сурия таъкид шудааст.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густардаи гуруҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои  тағйири муъодилаҳои минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.