Октябр 29, 2018 14:59 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ - масъул инфиҷори Кобул

Дар пайи инфиҷори субҳи имрӯз дар наздикии сохтмони Комиссияи интихоботии Афғонистон дар Кобул гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда гирифт.

Ба гузориши “Рейтерз”, гурӯҳи такфирии ДИИШ дар баёнияе эълом кард, дар инфиҷори субҳи душанбе дар наздикии сохтмони Комиссияи интихоботии Афғонистон дар Кобул шуморе кушта ва захмӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури дохилии Афғонистон эълом кард, субҳи имрӯз як узви гурӯҳи террористии ДИИШ, ки қасд дошт, кормандони Комиссияи интихоботиро дар ҳавзаи нуҳуми пулиси Кобул, ки наздик ба сохтмони ин ниҳод аст, ҳадаф қарор диҳад, ба дасти нерӯҳои пулис шиносоӣ ва ба зарби гулӯла кушта шуд.Бар асари инфиҷори маводи мунфаҷира ҳамроҳи ин муҳоҷим як пулис кушта ва чаҳор корманди Комиссияи интихоботӣ ва ду нерӯи полис низ захмӣ шуданд.