Октябр 29, 2018 15:26 Asia/Dushanbe
  • Кашиши аврупоӣ аз ҳақиқати таърихӣ дар бораи Имом Ҳусейн парда бардошт

Як кашиши масеҳӣ аз ҳақиқати таърихӣ дар мавриди Имом Ҳусейн, ки дар “Инҷил” зикр шудааст, парда бардошт.

Ба гузориши “Тасним”, кашиш Малхаз Сонгиолашвили, яке аз кашишҳои кишвари Гурҷистон, ки дар маросими шукӯҳманди пиёдаравии “Арбаин” ширкат кардааст, гуфт: “Ман комилан мутақоид шудам, ки ибораи «куштаи бесари Фурот», ки дар “Инҷил” зикр шуда, ҳамон Имом Ҳусейн аст, аз ин рӯ, ба Карбало омадам, то хоки муқаддасашро бибӯсам. Ин кашиши гурҷистонӣ таъкид кард, бо шаҳодат ва қурбонӣ шудани Имом Ҳусейн, он марди бузург  адолат ва сулҳ ба пирӯзӣ расид. ‎

Ҷон Шок, раиси яке аз калисоҳои иёлати Орегони Амрико низ, ки дар ин пиёдаравӣ ҳузур ёфтааст, мегӯяд, зиёрати “Арбаин” бузургтарин иҷтимои инсонӣ ва бошукӯҳтарин таҷаммӯи сулҳ дар ҷаҳон аст. Ӯ афзуд, зоирони “Арбаин” бо вуҷуди зиёд будани теъдод, миллат ва қавмият аз тоифагароӣ ва нажодпарастӣ суҳбат намекунанд, балки дарди мусибати Карбало ва усули инсонӣ онҳоро даври ҳам ҷамъ мекунад.